(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Наврӯзи Хуҷанд 100 дег суманак пухта мешавадДар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар тамоми 22 маҳаллаҳои шаҳр ва кӯчаю биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ тантанаҳои наврӯзӣ бо гузоштани деги суманак доир гашта истодааст. Назар ба маълумоти шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои мақомоти маҳаллӣ дар рӯзҳои таҷлили ин иди аҷдодӣ дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳо 100 деги суманак пухта мешавад.
Дар баробари ин ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро соҳибкорону саховатмандон дастгирӣ намуда, хатнатӯйии кӯдаконро аз оилаҳои ниёзманд баргузор хоҳанд кард.
Ҳамзамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст ба наздик ду ҳазор шахсони эҳтиёҷманд кӯмаки яквақтаи моддӣ расонда онҳоро аёдат намояд.