(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бародаршаҳрҳои Хуҷанд ва Ӯш ҳамкориро таҳким мебахшанд

Нимаи дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати меҳмонони вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии муовини аввали мэрии шаҳри Ӯш Замирбек Аскаровро ба ҳузур пазируфт.
Раиси шаҳри Хуҷанд қабл аз ҳама меҳмононро ба маркази вилоят хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки робитаю ҳамкории шаҳру минтақаҳо бо хориҷи кишвар таҳким ёфта, барои рушди ҳамкории соҳаҳои мухталиф мусоидат намояд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки таърихи робитаи серҷабҳаи ин ду бародаршаҳр, Хуҷанд ва Ӯш барои рушди бемайлони ин ду маркази маъмурии вилоятҳои сернуфузи кишварҳои ҳамсоя заминаи мусоид фароҳам овардааст. Намунаи ҳамкории судмандро дар содироти маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва сохтмонии аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Бодкон ва Ӯш мушоҳида намудан мумкин аст. Меҳмонон дар навбати худ аз пазироии самимии шаҳрдори Хуҷанд изҳори сипос намуда, ҳавасмандии худро доири ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ ва таъсиси коргоҳҳои муштарак бо коргоҳхои «Файзи Расул», Асотсиатсияи «Кедр» ва дигар ширкатҳои сохтмонию истеҳсолӣ изҳор намуданд.
Бо истифода аз фурсат муовини аввали мэрии шаҳри Ӯш Замирбек Аскаров Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба таҷлили «Рӯзи шаҳри Ӯш», ки ҳамсола моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, даъват намуд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.