(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тантанаи наврӯзӣ дар расми кушоди толори варзишӣ ва китобхонаи мактаб.Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи таҷлили иди аҷдодӣ, Наврӯзи оламафрӯз ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази вилоят корхонаю иншоотҳои мухталифи иҷтимоӣ фарҳангӣ саноатию маишӣ ба истифода дода мешавад. Аз 100 иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ пешбинӣ гашта, дар рӯзҳои Наврӯзӣ ба истифода додани 20 адади он ба нақша гирифта шудааст.
Чорабинии тантанавии наврӯзии дар литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик М Осимӣ баргузор гашта, ба муносибати ифтитоҳи толори варзишӣ ва китобхонаи мактаб бахшида шуда буд.

Аз субҳи барвақт мактаб намуди идона дошта, омӯзгорону хонандагони ин мактаб бо фарҳамандӣ ва руҳияи баланди идона Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати шоирону адибон ва зиёиёни вилоятро бо тантана пазироӣ намуданд.
Саҳни мактаб бо қувваи омӯзгорон ва шогирдони ин дабистони номӣ наврӯзгоҳро мемонд.
Шеъру таронаҳои наврӯзӣ, байтбараки баҳорӣ, саҳнаҳои адабӣ, намоиши суннатҳои наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ аз ҷониби хонандагон бо маҳорати баланд ба меҳмонони ин чорабинӣ намоиш дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода ҳангоми боздиди худ аз ҳунару истеъдоди муҳассилин изҳори қаноатмандӣ намуда, ба маҳорати кадбонугии толибаҳои мактаб ва дастоварди хонандагон дар олимпиадаю мусобиқаҳои варзишӣ баҳои баланд дод.
Таҳти қарсакзании ҳозирон Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Ахмадзода лентаи рамзии толори варзишӣ китобхонаи мактаб бурида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки давоми 30 соли фаъолияти худ ин муассисаи таълимӣ аз набудани толори варзишӣ танқисӣ мекашид.
Минбаъд хонандагону омӯзгорон имкон пайдо намуданд, ки тамоми фасли сол дарси тарбияи ҷисмониро дар сатҳи ҷавобгӯи таълими ин дарс гузашта, ҳамзамон мусобиқаҳои гуногуни варзиширо доир намоянд.
Масоҳати толор 12 ба 24 метр буда он барои тамрину баргузории мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, валейбол, баскетбол, гинастика мувофиқ аст. Барои либоскашӣ ва ҳуҷраи кори омӯзгор низ имконият фароҳам оварда шудааст.
Сохтмони ин бино аз ҷониби Идораи сохтмонии «Суғдсохтмонсоз» ба анҷомрасонда шуда, масолеҳи сохтмонии баландсифат ва технологияҳои муосири сохтмонӣ истифода шудааст. Аз ҷумла дар корҳои рӯйпӯш намудани намуди беруна бино тунукаҳои навъи «Металлосайдинг» истифода шудааст, ки он давоми 20 30 сол таъмиру рангубордиҳии иловагиро талаб намекунад.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳайати меҳмонон аз толор ва шароити китобхонаи нави мактаб низ дидан намуданд.
Дар китобхона хонандагон минбаъд барои дастрас намудани адабиёти гуногунро пайдо намуда дар як вақт толори хониш барои китобхонии 30 нафар пешбинӣ гаштааст. Хонандагон дар васфи илму дониш ва аҳамияти китоб аз ашъори бузургон намунаҳо қироъат намуданд. Адибон Аҳмадҷони Раҳматзод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, бо хонандагони мулоқоти кутоҳе анҷом дода, қайд намуданд, ки ба китобхонаи мактаб аз фонди китобҳое, ки аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нашр шудааст, се ҳазор нусха китоб тӯҳфа карда мешавад.
Барои ба истифода додани иншооти зикргардида аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 1 миллиону 130 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.