(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Наврӯз дар маҳаллаи «1 май» бо иштироки Раиси шаҳрДар маркази вилоят шаҳри Хуҷанди бостонӣ чорабниҳои наврӯзӣ дар маҳаллаҳо оғоз гардиданд.
Имрӯз пиру барно, кули сокинони маҳаллаи «1 май» тантанаи наврӯзӣ доштанд.
Мавзеи чорабинӣ чойхонаи хуштарҳу зебои «Сирдарё», ки бо нақшунигори миллӣ ва бо риояи анъанаҳои қадимаи маърифати чойхонадории мардуми Хуҷанд бунёд ёфтааст, интихоб гардида буд.
Чорабинии наврӯзиро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, бошандагони маҳалла ва мардуми дар чорабинӣ иштирок доштаро ба омад-омади Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик намуд.
«Яке аз арзишҳои суннатии мардуми кӯҳанбунёди мо ин анъанаҳои наврӯзӣ аст, ки баробари фарорасии фасли зебои баҳор мардум онро хурсандона ва бо як шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Таҷлили Наврӯз дар маҳаллаи «1 май» бо иштироки Раиси шаҳрМаҳз сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати эҳё, пойдорӣ ва таҳкими анъанаҳои гузаштагонамон боис мегардад, ки имрӯз ҳар як сокини кишвар дар фазои орому осуда ва шароити мусоид озода иду маросимҳои миллию аҷдодиамонро ид мекунем»- таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Аз ҷониби хонандагони мактаб-гимназияи хусусии ба номи Ю. Рустамов барномаи фарҳангии наврӯзӣ пешкаш гардид, ки он писанди ҳозирон гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳунару истеъдоди хонандагон ва таҷрибаи омӯзгорони ин мактаб баҳои баланд дода, ба роҳбарияи мактаб дастур дод, ки барои ҷудо намудани замин ва сохтмони бинои нави мактаб ҳуҷҷатҳои лозимаро ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод намуда, шароиту сифати таълимро боз ҳам беҳтар намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар тамоми 22 маҳаллаҳои шаҳр тантанаи наврӯзӣ баргузор мегардад.