(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ифтитоҳи маҷмаи фароғатию варзишӣ дар маҳалла.Имрӯз дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд сокинони бинои баландошёнаи № 20, маҳаллаи “Масҷиди савр”,ки дар буриши хиёбони ба номи И. Сомонӣ ва кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ ҷойгир  аст, соҳиби тӯҳфаи наврӯзӣ гаштанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сокинони бино соҳиби маҷмаи фароғатию варзишӣ гаштанд.
Дар маросими кушодашавии он муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва аҳли илму адаб ва зиёиёни вилоят ширкат намуданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ Заробиддин Файзуллозода, Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандон, иҷрои суннатҳои наврӯзӣ аз қабили бозиҳои миллии кӯдакону наврасон, ороиши дастурхон ва намоиши хони наврӯзӣ тамошо карданд. Кӯдакону наврасон бошад дар васфи наврӯзу ватан, ободии диёр шеъру таронаҳо хонда, ҳамзамон анъанаҳои наврӯзиро иҷро намуданд.
Дар маҷмаи фароғатию варзишӣ, ки аз 6 майдончаҳои ҷудогона барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, валейбол, баскетбол пешбинӣ гаштааст, бо маблағгузории бештар 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва иштироки фаъолонаи сокинони бинои мазкур бунёд гардид.
Дар бинои баландошёнаи зикргардида бештар аз 500 нафар  дар 84 оила иқомат доранд, ки давоми 30 соли охир барои кӯдакону сокинони маҳалла барои машғул шудан ба варзиш ва фароғат имконияти мувофиқ мавҷуд набуд. Дар баробари ин барои кадбонуҳо оташдону танӯр ва ҷойи пухтани таом бо шароиту риояи талаботи мавҷуда мавриди истифода қарор дода шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода дар суханони муборакбодии худ сокинони маҳалларо бо фароҳам омадани чунин як имконият шодбош гуфта таъкид намуданд, ки сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятгари амалҳои ободкорона ва созандаи мақомоти маҳаллӣ аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини соҳа супориш дод,ки минбаъд чорабиниҳои варзишии байни дастаҳои маҳаллаҳои шаҳр дар ин маҷмаи нави фароғатию варзишӣ баргузор гардад.
Лозим ба ёдоварист,ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи 22 майдончаи варзишӣ пешбинӣ гаштааст.