(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altАз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кормандони мақомоти прокуратура ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборакбод мегӯям.
Ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, саодати зиндагӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар адои вазифаи пурмасъулиятатон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузориатон дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақиятҳо таманно мекунам.
Давлат ва аҳли ҷомеа бо боварии том дар назди мақомоти прокуратура вазифа гузоштааст, ки ҳуқуқи меҳнативу иҷтимоии онҳоро таъмин ва захираҳои давлатии молиявию моддиро ҳифз намояд. Боиси қаноатмандист, ки кормандони мақомоти прокуратура вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошташударо дар самти таъмини волоияти қонун, назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳо, назорат ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи манфиатҳои давлатро сарбаландона иҷро мекунад.
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи кормандони прокуратура илҳоми тоза мебахшад.
Меҳнати пурмасъулияти ин мақомоти пуршараф аз ҷониби давлат ва ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад. Ба ин маънӣ Сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мақомоти прокуратура дорои нерӯи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд.»
Боварии комил дорем, ки кормандони мақомоти прокуратура минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамар ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу ватан, ба наслҳои ҷавон сабақи меҳанпарастию инсонпарварӣ медиҳанд ва баҳри ҳифз ва пойдории давлати соҳибихтиёрамон саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед таъминкунандагони волоияти қонун!