(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар Хуҷанд мусбиқаи «Ушу» баргузор гардид.Тибқи нақшаи чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва федератсияи вилоятии варзишии «Ушу» бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба намудҳои мухталифи варзиш ва бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯз мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди варзиши «Ушу» баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур дар толори варзишии варзишгоҳи ба номи «20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» байни наврасону ҷавонони маркази вилоят баргузор гардид. Ширкаткунандагони ин мусобиқа аз 6 сола боло, дар гурӯҳҳои гуногун, тибқи синну сол варзишгарони собиқаи гуногун бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар мусобиқаи мазкур 110 нафар варзишгарон иштирок намуданд, ки аз шумораи умумии онҳо 11 нафарашонро духтарон ташкил доданд. Дар натиҷаи қувваозмоии доварони мусобиқа ба 32 нафар варзишгароне, ки натиҷаҳои беҳтаринро намоиш доданд, мақоми аввалро лоиқ донистанд.
Дар ҷамъбаст ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорнома ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.