(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти судманд дар чойхонаи «Сирдарё»Бо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти тағийру иловаҳои пешбинигашта ба Консттутсияи Тоҷикистон, мулоқоту воҳуриҳои сокинон бо ҳайати кори гурӯҳи корӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова идома дорад.
Ба гурӯҳи корӣ олимону зиёинён аҳли илму адаб кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохтору мақомоти давлатӣ шомиланд.
Имрӯз чунин як вохӯрӣ дар чойхонаи «Сирдарё»-маркази вилоят бо иштироки фаълони шаҳр, собиқадорони меҳнат, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, зиёиён баргузор гардид. Мулоқотро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда меҳмонон,-Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ–Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзулло Баротзода директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Турсунова вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раънохон Маҳмудзода муовини Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини Раиси вилоят Назира Ғаффориро муаррифӣ намуда, ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуд.
Хайати корӣ доири нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳарф зада, доири барномаҳои таҳиягашта ва дурнамои кишвар,ки аз ин Паём бармеояд, сухан гуфтанд.
Хамчунин баромадкунандагон аз бобу моддаҳое, ки тариқи райпурсии умумӣ тагъирот ворид карда мешавад изхори назар намуданд. Аз ҷумла доири аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гирифта шудани калимаи Сарконун, тағийрот дар  моддаи 8, 15, 34 49 84 85 шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Таъкид шуд, ки тағйиру иловаҳо ба таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идора, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.
Чунин мулоқот бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати корӣ бо ширкати олимон устодон ва донишҷӯёну ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон ва дар мактаби таҳсилоти умумии №23 барои сокинони маҳаллаҳои «Темурмалик», «Мевағул» ва «Суғдиён» ва ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.