(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Инкишофи тафаккури миллӣ дар шароити имрӯза

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи корӣ-машваратӣ дар мавзӯи “Инкишофи тафаккури миллӣ дар шароити имрӯза” бо иштироки фаъолони шаҳр, зиёиён, роҳбарони воҳидҳои сохтори давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо,ходимони дин ва мутасаддиёни идораҳои давлатии шаҳр баргузор гардид.
Мулоқотро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, меҳмонони ҷаласа, духтур, мутахассиси соҳаи равон Маҳмудшо Кабиров ва муовини сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Алиҷон Ҷураевро ба ҳозирон муаррифӣ намуд.
Духтур, мутахассиси соҳаи равон Маҳмудшо Кабиров дар мавзӯи “Инкишофи тафаккури миллӣ дар шароити имрӯза” маърӯза намуд. Номбурда доири мавзӯи зикргардида, андешаҳи худро баён намуда, бобати зарурату дарки масъалаҳои инкишофи тафаккур ва андешаи миллӣ, нақши ҳар сокини кишвар барои фароҳам овардани заминаи инкишофи тафаккури миллӣ, тарбия насли имрӯза дар рӯхияи андешаронии озоду ватанхоҳона таъкид намуд.
Имрӯз дар баробари раванди ҷаҳонишавӣ, таҳаввулоти босуръати сиёсию иқтисодӣ ва геоплитикии ҷаҳон зарурати боло бурдани маърифати баландӣ, шаҳрвандӣ, ҳиссти ватандӯстию хештаншиносӣ, эхтирому нигоҳдории арзишҳои миллию ватанӣ аз ҳар вақта бештар ба миён омадааст. Маҳз ҳушёрию зиракии мардум метавонад барои пешгирӣ намудани ҳамагуна омилу шароитҳои нооромии ҷомеъа таъмини ваҳдату ягонагии  кишвар меҳвари асосӣ бошад. Сокинон ба ҳеҷ ваҷҳ бояд қурбони бархурди манфиатҳои бегонагон нагашта, саҳми худро дар зинаҳои инкишофи давлатдорӣ бояд беҳтару бештар намоянд.
Баъдан аз ҷониби ҳозирон ба маърӯзакунанда саволҳо пешниҳод гардида, бобати таҳияи маводи таълимии илмӣ барои омӯзгорону толибилмон, филмномаҳои маърифати ва тарғибгари арзишҳои миллӣ таҳия таклифу пешниҳод намуданд.
Дар интиҳо Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, кумитаи маҳаллаҳо, бахши кор бо занон, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, ходимони дин ва муассисаҳои таълимӣ супориш дод, ки дар асоси маърӯзаи пешниҳодшуда баромади фаъолонро дар ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои шаҳр баргузорнамуда, сӯҳбатҳои маърифатӣ ташкил намоянд.