(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр муроҷиати сокинонро баррасӣ намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сокинони маркази вилоятро бо арзу дархостҳояшон қабул намуд.
Дар ин рӯз бештар аз 70 нафар сокинон ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, бобати масъалаҳои ҳалталаби худ  арз намуданд.
Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 9 нафар барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, 9 нафар бобати мушкилоти таъмири манзил, 7 нафар барои таъмини манзили истиқоматӣ, 4 нафар барои гирифтани кӯмаки моддиро ташкил медод. Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода бо мақсади ҳалли мушкилот шаҳрвандон ва қабули муроҷиату барррасии масъалаҳои ҳалталаби онҳо бо усусли «Равзанаи ягона» ба масъулину мутасддиёни сохторҳои марбута супориш дода, таъкид намуд,ки дархости сокинон бояд сари вақт ҳаллу фасл гардида дар мӯҳлати муқаррар намудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ҷавоб дода, қарорҳои дахлдор кабул намоянд.
Дар «Рӯзи қабули шаҳрвандон» ин навбат ҳамчунин вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №13 «Хуҷанд» Гулбаҳор Турсунова низ иштирок дошт.