(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шанбегӣ  барои боз ҳам обод гаштани шаҳр мусоидат намуд.Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, эълон гаштани «300 рӯзи ободонӣ», нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бахшида ба таҷлили санаҳои таърихӣ,- Иди Наврӯз, 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази вилоят шанбегии умумишаҳрӣ баргузор шуд.
Назар ба маълумоти ситоди ин шанбегӣ шумораи иштирокчиён бештар аз 20 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин шумора бештар аз 12 ҳазор нафар дар корҳои тозаю обод намудани минтақаҳои гуногуни шаҳр саҳм гирифтанд.
Давоми рӯз бо кӯмаки ҳашарчиён ва мутахассисони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзили коммуналии шаҳр 1016 бех ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда, 150 бех гулҳои ороишӣ, 1436 дона қаламчаи гул шинонда шуд. Ҳамчунин ба масоҳати 22745 метри квадратӣ майдони кабудизоркунӣ ва гулзоркунӣ ташкил карда шуда, 20820 метр ҷӯйбор тоза карда шуд. Иштирокдорони шанбегӣ кормандони корхонаю ташкилот ва муассисаҳои маркази вилоят 100 метр девораҳои қади роҳро сафед намуда, 2700 метри квадратӣ кӯчаю хиёбон, канори роҳу роҳрав, мавзеи вобасташудаи иншооти худро тоза намуда, ба тартиб дароварданд.