(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр арзи беш аз 80 нафар сокинонро баррасӣ намуд.Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар ин рӯз бештар аз 80 нафар сокинон ба мақомоти маҳаллӣ омада, бо Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти бевосита намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади ҳалли мушкилот ва баррасии масъалаҳои ҳалталаби шаҳрвандони муроҷиатнамуда, сокинонро бо усусли «Равзанаи ягона» қабул намуд. Раиси шаҳр арзи беш аз 80 нафар сокинонро баррасӣ намуд. Ин усули баррасӣ ва қабули шаҳрвандон имкон медиҳад, ки  масъулину мутасддиёни сохторҳои марбута нисбати сари вақт ва қаноатбахш ҳаллу фасл гардидани дархости муроҷиаткунандагон қарорҳои дахлдор кабул намоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони воҳидхои сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки тамоми муроҷиати сокинон бояд дар мӯҳлати муқарраргардидаи қонун баррасӣ гардида, аз натиҷаи он сокинон огоҳ бошанд.