(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд мушкилоти 32 нафар муроҷиаткунандагонро баррасӣ намуд.Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.
Давоми рӯзи қабули сокинон ба Раҷаббой Аҳмадзода барои расондани кӯмаки масолеҳи сохтмон 7 нафар, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 6 нафар, расондани кӯмаки моддӣ 3 нафар, барои таъмини ҷойи корӣ 2 нафар, мусоидат барои пардохти маблағи хизматрасонии коммуналӣ 3 нафар муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои баррасии саривақтии дархосту мушкилоти сокинони муроҷиатнамуда ба мутасаддиён дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода таъкид гардид, ки ҳар як сокини муроҷиатнамуда бояд шахсан аз чораҳои андешидашудаи масъулини соҳаи дахлдор огоҳ гардида, ҷавоби қаноатбахш гирад.