(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули 43 нафар шаҳрванд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади баррасии дархост ва мусоидат намудан барои ҳалли мушкилоташон сокинони маркази вилоятро қабул намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва масъулини соҳаҳои мақомоти маҳаллӣ арзу дархости шаҳрвандонро  шунида барои баррасии саривақтии онҳо ба мутасаддиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд 11 нафар барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ, 7 нафар барои таъмиру сохтмони манзили истиқоматиашон, 5 нафар барои ҳалли  мушкилоти дастрасӣ ба оби  нӯшокӣ ва   таъмини барқ, ва ғайра муроҷиат намуданд. Ҳамчунин ба Раиси шаҳри  Хуҷанд роҳбари дастаи ҳозирҷавобони Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов муроҷиат намуда хоҳиш намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои иштирок ва ҳунарнамоии дастаи ҳозирҷавобон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия кӯмак намояд. Раҷаббой Аҳмадзода барои баррасии ин масъала ба масъулин супориш дод.