(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Бунёди бинои нави боғчаи № 16 идома дорад.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари бунёди чандин иншоотҳои муҳим ба истифода додани муассисаҳои иҷтимоӣ ва таълимию томактабӣ низ пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави боғчаи бачагонаи № 16 ошно шуд.
Бинои боғчаи мазкур бинобар кӯҳнаю дар ҳалати садамавӣ қарор доштанаш мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 19 феврали соли 2015 азнавсозӣ хоҳад шуд. Ҳоло бештар аз 60 нафар сохтмончиён ҳамарӯза ба корҳои сохтмонӣ машғуланд. Кӯдакистони мазкур барои 240 нафар кӯдакон пешбинӣ гашта, дар бинои нав тамоми шароитҳои тарбияю истироҳати кӯдакон дар назар дошта шудааст. Фармоишгари ин иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, иҷроиши корҳо ба зиммаи ширкати сохтмонии «Муҳандис А.А.» гузошта шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 4 миллион ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ хоҳад шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо муаллифони лоиҳа, сохтмончиён ва масъулини идораи сохтмонӣ сӯҳбати корӣ анҷом дода таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ ва анҷоми он бояд тибқи нақша сурат гирад.
Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сокинону кӯдакони маҳаллаҳои «Сари баландӣ» ва «1 май» дар рӯзҳои таҷлили 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон соҳиби боғчаи наву замонавӣ хоҳанд шуд.