(3 овоз, миёна 3.33 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд «300 рӯзи ободонӣ» эълон шуд.Ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин густариши корҳои созандагию ободкорӣ дар соли равон Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бобати эълон гаштани «300 рӯзи ободонӣ» ба имзо расидааст.
Дар доираи қарори мазкур пешбинӣ мешавад, ки барномаи «Роҳҳои обод» идома дода шуда, дар маркази вилоят теъдоди мавзеҳои фарҳангӣ фароғатӣ, кӯчаю хиёбонҳои сабзпӯшу гулпӯшгардида бештар хоҳанд шуд.
Бо дастури Раисишаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр бояд баҳри сари вақт иҷро гаштани қарори номбурда нақшаи корӣ ва чорабиниҳои дахлдоррро омода ва  тасдиқ намоянд. Ҳамчунин тибқи қарори номбурда нақшаи мукаммали корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар минтақаҳои аҳолинишин ва саноатӣ таҳия гардида, бобати корҳои ба сомон расида дар мӯҳлати муқарраргардида натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.