(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Нахустин амалиёти пайваст намудани гурдаи инсон бомуваффақият гузашт.Дар арафаи таҷлили соли нави 2016 дар соҳаи тибби вилоят рӯйдоди муҳими ба вуқӯъ пайваст. Нахустин маротиба дар беморхонаи клиникавии № 1 маркази вилоят ба сокини ноҳияи Ғончӣ Фурқат Мансуров амалиёти ҷарроҳии  пайваст  намудани гурдаи модараш бомуваффакқият гузаронида шуд. Давоми як ҳафта мешавад номбурда дар шӯъбаи эҳё табобат гирифта, назар ба маълумоти табибон дар рӯзҳои наздик  ба назди пайвандони худ бармегардад. Имрӯз муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои хабаргирии Фурқат Мансуров омаданд.
Масъулини Беморхонаи № 1 шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки ҷарроҳии мазкур давоми 6 соат аз ҷониби табибони  Маркази пайваст намудани узвҳо ва бофтаҳои шаҳри Душанбе Бахтиёр Боиров, Оқилҷон Одилов Парвиз Назаров иҷро гардид. Нахустин амалиёти пайваст намудани гурдаи инсон бомуваффақият гузашт.Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳоло барои идома додани ин амалиётиҷарроҳи табибони номбурда чанде аз мутахассисони беморхонаи шаҳриро бозомӯзӣ менамоянд, ки ин минбаъд барои идома додани амалиёти ҷарроҳӣ дар беморхона аз ҷониби духтурони маҳаллӣ имконият фароҳам меорад.
Духтурон ният доранд баъди ҷорӣ гаштани амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурда, тариқи ҷарроҳӣ ба пайваст намудани ҷигар низ шурӯъ намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2016 аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ «Соли фарди солим» эълон гаштааст.