(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯён судманду хотирмон гузашт.Дар Театри мазҳака-мусиқии ба номи К. Хуҷандии маркази вилоят мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо наздик ҳазор нафар донишҷӯёне, ки дар муасисахои  таълимии олӣ ва миёнаи махсуси вилоят таҳсил менамоянд, мулоқот намуд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат нисбати ҷавонон, сухан гуфта аз ҷумла зикр намуд:
Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки мо дар остонаи таҷлили 25-солагии он қарор дорем пояи бунёди давлати навини миллии тоҷикон, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, дунявӣ ва мутамаддин асос гузошта шуд.
Аз файзу баракати Истиқлолият, сиёсати созандаю бунёдкорона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо роҳи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш гирифта, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастоварҳои бузург ноил гардидем. Истиқлолият ҳуқуқи моро ба эҳёи давлати миллӣ, мероси пурѓановати таъриху фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои миллиамон устувору таҳким бахшида, барои ҳар чи бештар рў овардан  ба таъриху фарҳанг, суннат ва анъанаҳои беҳтарини  аҷдодамон дар роҳи рушду болоравии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, тарбияи насли наврас ва ҷовонон дар руҳи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандустӣ, ахлоқи ҳамида имкониятҳои зиёд фароҳам овард.
Дар ин радиф дар вилояти Суѓд низ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти сарварии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза гирифт.
Баъдан донишҷӯён имкон доштанд ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири ҳаёти донишҷӯии худ изҳори назар намуда ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гиранд. Аз ҷумла донишҷӯён пешниҳод карданд, ки барои дастгирии ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд хазинаи хайриявӣ ташкил дода шуда, самти баъзе аз хатсайрҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ бозбинӣ шавад. Ин пешниҳодҳо тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар интиҳо Раиси шаҳри Хуҷанд барои 120 донишҷӯёни фаъол, ятим ва нимятим кӯмакпулии яквақта супорид.