(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Бибиҳо..» даҳ сола шуд.

Дар театри мазҳака-мусиқии ба номи К Хуҷандии маркази вилоят чорабинии идона бахшида ба 10 солагии таъсисёбии ансамбли фолклорӣ-этнографии «Бибиҳо..» баргузор гардид.
Маҳфили идонаро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, табрикоту шодбошии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳайати гурӯҳ ва мухлисон расонд.
Номбурда баъди қироати номаи табрикотӣ ба аъзоёни ансамбл мукофотпулии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро  супорид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳунармандонро бо ин санаи хотирмон табрик намуда, саҳми онҳоро дар посдории анъанаҳои мардумӣ назаррас номид. «Маҳз  дастгирии Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мавқеи театр ва санъату санъаткор чун инъикосгари воқеияти ҳаёт, ғановатбахши маънавиёт ва ҳуснорои олами ботинии инсонҳо рисолати зебоиофарии худро таҳким мебахшад.
Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошад, нақши тарбиявии театр ва умуман санъату фарҳанг аҳамияти  аввалиндараҷа касб мекунад.
Ҳунармандону санъаткорон имрӯз низ барои халқу миллат чун тарғибгари арзишҳои маънавӣ, тараннумгари ҳаёти босаодат, эҳёгари симои қахрамонҳои асотириву таърихии миллату давлат маҳсуб ёфта, бешак инъикосгари ҳаёту зиндагии ҳар фард мебошанд.» - зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба чаҳор нафар ҳунармандони ин театри мардумӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро супорида ҳамзамон ба ин гурӯҳи ҳунарӣ тӯҳфаи хотиравӣ супорид.
Нарзулло Дадобоев масъули Кумитаи рушди махаллаҳои назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми шодбошии раиси кумитаи номбурда Қосим Роҳбарро ба ин ҳунармандон расонд.
Аз ҷониби ансамбли фолклорӣ-этнографии «Бибиҳо..» барномаи   «Пиразанҳои роҳзан» пешкаш карда шуд.
Лозим ба ёдоварист,ки ансамбли фолклорӣ-этнографии «Бибиҳо..» соли 2005 бо роҳбариии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева таъсис ёфта дар ҳайати он 11 нафар санъаткорон фаъолият мебаранд.
Соли равон бо маблағгузории сад ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  бинои ансамбли «Бибиҳо..» аз таъмири босифати куллӣ бароварда шуд.