(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чорабини бахшида ба Рӯзи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМОДар Қасри Ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корманди Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ-и вилояти Суғд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд, Раёсати фарҳанг, Раёсати маориф ва бо ҷалби 1000 нафар ҷавонони таҳсилкунандаи донишкадаҳои шаҳр ва хонандагони синфҳои болоӣ чорабини бахшида ба 1 -уми декабр Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии маснуияти одамчорабинии калон баргузоргардид.
Дар он намояндагони Раёсати тандурустӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд, роҳбарони муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии самти корашон ба пешгирии ВНМО равонакардашуда иштирок намуданд. Дар ҷамъомад оиди таърихи пайдоиши ВНМО дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгири ва табобат маърӯза карда шуд.
Ғолибони иншоҳои дар мавзӯи ВНМО навишта, деворанигораҳои санитарӣ оиди пешгирии ВНМО, ғолибони саҳначаҳои фарогири мавзӯи пешгирии ВНМО аз рӯи хулосаи ҳакамон ба ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм муқаррар шуда бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Хотири иштирокчиёнро гурӯҳи санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳри Хуҷанд бо рақсу сурудҳои дилнишин шод намуданд.