(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти маҳаллӣ дар рӯзи қабул.Бо мақсади баррасӣ ва ҳалли саривақтии мушкилоти сокинони шаҳри Хуҷанд ва иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули шаҳрвандон баргузор гардид. Дар рӯзи қабул оҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти маҳаллӣ, масъулини соҳаҳои  ҳифзи  иҷтимоӣ, сохтмон, меъморӣ, шуғли аҳолӣ ва ғайра доири масъалаҳои дахлдори худ бо сокинон сӯҳбату мулоқот гузарониданд.
Ин ҳафта бештари масъалаҳои сокинон марбут ба гирифтани кӯмаки иҷтимоӣ, дастрас намудани масолоҳи сохтмон, таъмин гаштан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва баҳсҳои манзилию оилавӣ буд. Дар мавриди назорати иҷроиши дархости сокинон ва ҳалли қаноатбахши масъалаҳои муроҷиаткунандагон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шӯъбаи қабули шаҳрвандон, роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супоришҳои мушаххас дода таъкид намуд, ки бояд ҳар як шаҳрванд аз раванди ҳалли мушкилоти худ дар мӯҳлатҳои муқаррар намудаи қонун огоҳ гардад.
Тибқи маълумоти шӯъбаи қабули муроҷиати шаҳрвандони мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд дар рӯзии қабули шаҳрвандолон 16 нафар сокинони бо масъалаҳои ҳалталаби худ ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.