(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иҷлосия сеюми вакилони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Имрӯз дар Маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи навбатии вакилони мардумӣ баргузор гардид.
Иҷлосияи сеюми вакилон халқ, даъвати панҷумро Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки аз 40 нафар вакилон 35 нафар дар кори ҷаласа ширкат намуда, 5 нафар нафар бо сабабҳои узрнок ҳозир нестанд. Ҳамчунин ба иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имом хатибони масҷидҳои ҷомеаи шаҳр, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори умум даъват шуда буданд. Баъдан интихоби ҳайати котибот, ҳозирон рӯзномаи иҷлосияро иборат аз 4 масъала, «Дар бораи рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №85 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» дар шаҳри Хуҷанд.”, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Маҳастӣ, № 2 Солиев Муқим оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ.”, “Дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд.” ва “Тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд.” тасдиқ намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рўзнома «Дар бораи рафти иҷрои татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №85 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015»» дар назди ҳозирон мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Қосимов маърӯза намуд.
Номбурда доири натиҷаҳои фаъолияти соҳаи фарҳанг рушди он дар маркази вилоят маълумоти муфассал дод.  Аз рӯи масъалаи якум вакилони мардумӣ Акбар Маҳмудов, Матлуба Муинова, Раъно Хоҷаева суханронӣ намуда, бобати иҷроиши барномаи давлатӣ, дастовардҳои фарҳангчиён изҳори ақида намуда, аз амалишавии чораҳои мушаххаси мақомоти маҳаллӣ дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки имрӯз доири боло бурдани фарҳанги миллӣ байни мардум, таълими ҳунарҳои зебо ва зебоипарастӣ, таълими фанҳои суруд ва расмкашӣ, тарбияи насли напврас дар руҳияи фарҳанги пурғановати аҷдодиамон корҳои назаррас ва пурмаҳсул ба анҷомрасонда шудаанд. Ҳамзамон аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода таъкид гардид, ки соли оянда дар баробари афзун гаштани маблағгузорӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба рушду фаъолитяи пурсамари соҳаи фарҳанг бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ хоҳад шуд. Ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар тамоми макотиби шаҳр омӯзгорони соҳибтахассус дарсҳои суруду расмкаширо ба насли наврас дар сатҳибаланд меомӯзонанд. Ба муассисаҳои таълимӣ дар ду соли охир 52 асбоби мусиқӣ харидорӣ гаштааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд доири теъдоди муҳассилин ва довталабони муассисаҳои таълимии олии фарҳангу санъат аз шаҳри Хуҷанд андешаронӣ намуда, ба Бахши фарҳанг дастур дод, ки барои ҳавасманд ва зиёд намудани сафи дохилшавандагон ба муассисаҳои таълимии олии фарҳангӣ чораҳои мушаххас андешад.
Аз рӯи масъалаи дуюми рўзнома вакили маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии «Маҳасти», №2 Муқим Солиев дода шуд. Баъди шунидани ҳисобот ҳозирон қарори дахлдорро қабул намуданд.
Барои баррасӣ муҳокима масъалаи сеюми рўзнома, «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали тарҳрезишудаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд» муовини Раиси шаҳр Муҳаммадҷонзода Маъруф Тўхтабой чаҳор нақшаи лоиҳавиро манзури вакилони халқ намуд. Дар асоси ин нақша дар маҳаллаи 27-ум, мавзеи “Панҷшанбе”, микроноҳияи 31-ум ва минтақаи буриши кӯчаи ба номи Гагарин ва хиёбони И Сомонӣ пешниҳод гардид.
Бо маърўзаи иловагӣ аз рўи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Чашма», №40 Набиҷон Иброҳимзода дода шуд. Зимни баромади хеш Набиҷон Иброҳимзода қайд намуд, ки нақшаи пешниҳодгардида дар кори комиссияи дахлдор муҳокима гардида, барои мукаммал гаштани лоиҳа ба сохторҳои масъули соҳа андешаҳо иброз гардидаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода супориши қатъӣ дод, ки ҳангоми амалишавии лоиҳаҳои сохтмонӣ бояд манфиати сокинони маҳалли фарогири мавзеи сохтмон ба инбобат гирифта шуда, талаботи қонунҳои мавҷудаи сохтмонӣ пурра риоя гарданд. Ҳамзамон таваҷҷӯҳи мутасаддиёни соҳаро Раиси шаҳри Хуҷанд ба бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ аз қабили боғчаи бачагона мактаб, муассисаҳои фарҳангӣ ҷалб намуда, дастур дод,ки ҳар як иншооти сохташаванда ҳатман ба таври алоҳидагӣ баррасию муҳокима ва  тасдиқ карда  шаванд.
Баъдан вакилони маҷлиси шаҳрӣ қарорҳои Раиси шаҳрро вобаста ба масъалаҳои кадрӣ, дар бораи моликияти давлатӣ, маблағгузории чорабиниҳои иҷтимоӣ фарҳангӣ ва ташкили фаъолияти ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷандро тасдиқ намуданд.
Дар интиҳои кори иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Ғаффорӣ Назира Абдуллозода баромад намуд. Номбурда бобати масъалаҳои баррасинамудаи вакилон изҳори андеша намуда, зикр намуд, ки дар баробари чандин корҳои назарраси ба анҷомрасондашуда, фаъолитяи  пурсамари муассисаҳои фарҳангӣ, таҷлили чорабиниҳои давлатӣ ва миллӣ, ба хусус бори аввал қайд гардидани «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» қобили таҳсин аст. Ҳамчунин Назира Ғаффорӣ доири боло бурдани маърифати шаҳрдорӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пахши намоишномаҳои театрӣ тариқи телевизион,  боло бурдани сатҳи таълими дарсҳои фарҳангу ҳунар дар муассисаҳои таълимии миёнаи Хуҷанд изҳори андеша намуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кори иҷлосияро ҷамбаст намуда зикр намуд,ки «Ҳар кадоми мо чун фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дастуру супоришҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  барои пешрафти давлати соҳибихтиёри худ таъмин намуда, дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ягонагии Тоҷикистони азиз беш аз пеш талош варзида, баҳри таъмин кардани зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузорем.
Ҳамзамон барои иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоятамон мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани «500 рўзи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани чорабиниҳои Соли 2015-соли оила, соли рушди фарҳанг ва гулкорӣ, идомаи барномаи «Соли роҳҳои обод» донишу малака ва таҷрибаи худро сарф хоҳем кард. Ҳамчунин эълон гаштани соли 2016 «Соли фарди солим»-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, итминони қавӣ дорем, ки он барои таҳкими ормонҳои мардуми мо замина мегузорад.