(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи кории Раиси шаҳр

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо иштироки муовинон, мудирони шӯъба, роҳбарони воҳидҳои сохтори давлатӣ ва масъулини мақомоти маҳаллӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд дар назди роҳбарони шаҳру вилоят гузошта буд, сухан намуда зикр намуд, ки бо ҳидояту роҳбарии сарвари кишвар имрӯз дар маркази вилоят чандин корҳои назаррас ба сомон расонда шудааст. «Ҳоло бошад вазифаи ҳар кадоме аз мутасддиён аз он иборат аст, ки дар заминаи натиҷаҳои имрӯза бояд корҳои ободонию созандагӣ, зиёд намудани теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои кориро зиёд ва иқтидори коргоҳҳоро бештар намоем»,- қайд  намуд Раиси шаҳри Хуҷанд. Ҳамчунин барои фаъол намудани корхонаҳои истеҳсолии бо иқтидори пурра фаъолият надошта таваҷҷӯҳ гардида, ба роҳбарони соҳаҳои дахлдор барои омода намудани нақшаи корӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои сари вақт иҷро гардидани нақшаи андоз, назорати қатъии сатҳи омодагӣ ба зимистон дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иҷтимоӣ, ба хусус кӯдакистону макотиби шаҳр ва хонаи кӯдакону пиронсолон, супориш дод.
Ҳамчунин бобати вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар самти таъмиру асфалтпӯш намудани роҳхои кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр, андешидани чораҳои паст намудани нархи маҳсулоти ниёзи аввала дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва захираи он дар фасли зимистон, таҳкими корҳои маърифатӣ дар байни ҷавонон  бо максади пешгирии  онҳо аз гаравидан ба гурӯҳхои террористӣ, иҷроиши саривақтии нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид гардид.