(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Сокинони Хуҷанд аз ташкили фурӯши маҳсулоти арзон қаноатманданд.Давоми фасли тирамоҳ бо мақсади таъмин намудани шаҳрвандон бо маҳсулоти хӯрока ва саривақт захира намудани маводи ғизо бо нархҳои дастрасу нисбатан арзон тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар мавзеҳои сераҳолӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуда истодааст.
Яке аз ин мавзеҳои ташкили фурӯшгоҳи маҳсулоти кишоварзии арзон майдони «Ситораҳои Хуҷанд» аст. Аз субҳи барвақти имрӯз дар мавзеи номбурда кишоварзони ноҳияҳои ба номи Б. Ғафуров, ба номи Ҷ. Расулов, Спитамен, Ғончӣ, Истаравшан Шаҳристон, Мастчоҳ ва Мастчоҳи Кӯҳи маҳсули дастранҷи худро ба сокинони шаҳр пешкаш намуданд. Ба харидорон тамоми маҳсулот аз қабили равған, гӯшт, биринҷ, сабзию картошка, пиёз, маҳсулоти лӯбиёгию, ғалладона, тухм, асал, тарбузу харбузаҳои зимистона ва ғайра пешкаш гардида, деҳқонон имкон доштанд бемаҳдудият маҳсулоти худро ба фурӯш гузоранд.
Ҳангоми мушоҳида аз нархи маҳсулот ва сифати он маълумгашт, ки нархҳои пешниҳоднамудаи деҳқонон аз нархҳои рӯзмарраи маҳсулоти номбурда фарқият дошта ба ҳисоби то 25 % арзон буданд.
Харидорон имкон доштанд, як кило картошкаро 1сомонию 20 дирам, пиёзу сабзиро бо нархи 90 дирам- 1 сомон, биринҷро 6 сомонӣ, гӯштро 28-30 сомонӣ, равғанро бошад бо нархи 8сомонию 40 дирам харидорӣ намоянд.
Ҳангоми сӯҳбат бо чанде аз харидорон маълумгашт, ки ташкили ин намоиш-фурӯши маҳсулот и ниёзи аввала барои бо нархҳои дастрас ва бевосита аз деҳқонон харидорӣ намудани маҳсулоти бо сифат мусоидат менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки чунин намоиш-фурӯш то оғози фасли зимистон идома хоҳад ёфт.