(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Рӯзи қабули Раиси шаҳри Хуҷанд.Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули сокинони шаҳр аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Раҷаббой Аҳмадзода бо шаҳрвандони муроҷиатнамуда сӯҳбат намуда масъалаю мушкилоти онҳоро барррасӣ намуд.
Ҳангоми қабул ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллӣ низ ширкат намуда, барои сари вақт ҳаллу фасл гаштани мушкилоти шаҳрвандон аз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш гирифтанд.
Дар рӯзи қабули муроҷиаткунандагон 5 нафар барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ, 6 нафар барои гирифтани кӯмаки молӣ ва моддӣ 7 нафар, мусоидат барои гирифтани масолеҳи сохтмонии ройгон 6 нафар ва ғайра ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои ҳар ҳафта, рӯзи шанбе дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзи қабули Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо шаҳрвандон муқаррар гардидааст.