(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд омӯзгоронро қадрдонӣ намуд.Бахшида ба Рӯзи муаллимон дар Маркази фарҳанг ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Қабл аз шурӯи маҷлиси идона Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов аз намоиши китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва адабиётҳои иловагии таълимӣ  омӯзгорон ва корҳои илмии муҳассилини макотиби шаҳр дидан намуданд. Ҳамчунин дар даромадгоҳи маҷлисгоҳ дастаи навозандагони созҳои миллии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бароииштирокдорони чорабинӣ навзишҳои гуногунро иҷро менамуданд.
Ҳамоишро сардори идораи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов ифтитоҳ намуда, суханро ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дод. Раҷаббой Аҳмадзода саҳми арзандаи омӯзгорони шаҳрро дар ҳаёти ҳамарӯза ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас қайд намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ омӯзгорон ба рисолати хеш содиқ хоҳанд монд.
“Давлату ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Дар Паёми имсолаи Сарвари кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.»
Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод, муаллим ва омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷаллии хуршед аст. Шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозӯъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст.» -зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Баъдан ба 29 нафар омӯзгорони пешқадам Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба 20 нафар  Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, ба 20 нафар собиқадорони соҳа тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Ҳамчунин ба ду нафар омӯзгор,- Мавсума Умарова ва Қутфӣ Раҳматова нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо тантана супорид.
Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабии маркази вилоят 286 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1020 нафар соҳиби тахассуси олӣ, 419 нафар тахассуси якум, 183 нафар тахассуси дуюм ва 583 нафар мутахассисони ҷавон фаъолият мебаранд. Даҳ нафар омӯзгорон барои фаъолияти ибратомӯзашон ба гирифтани унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва нишону медалҳо сарфароз гардидаанд.