(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Мо дар арафаи ҷашни Рӯзи забони давлатӣ қарор дорем. Ҷашне, ки мардум онро дар руҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ таҷлил менамоянд.
Ба ифтихори ин ҷашни бузург кулли мардуми Хуҷандшаҳрро табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватансозӣ иродаи қавӣ орзу дорам. Забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлоли ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Имрӯзҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем. Кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо таввассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст. Бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки ҳама гуна фаъолияти инсон ва ҷамъият тавассути забон сурат мегирад. Ба ибораи дигар, забон воситаи муҳимтарини таҳаввулоти ҷамъият мебошад.
Сарбаландии мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он сарчашма мегирад, ки соҳиби забонем. Ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад.
Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист, ки он барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштааст.
Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст. Забони тоҷикӣ дар марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоӣ дар мақоми забони давлатӣ дар таҳкими давлату давлатдории миллӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад.
Чуноне ки Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад».
Забони тоҷик, лафзи ширини модарии мо аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо шеъри Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, Ҳофизу Камол, Турсунзодаву Лоиқ ва бисёр дигар саромадону роҳпаймоёни адабиётамон шӯҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст.
Таҷлил гирифтани ин санаи муборак эътиқоду эҳтиром ва арҷгузории имрӯзиён ба забони тоҷикӣ, ба фарҳанги асил, ба авлоду аҷдоди сарбаландамон аст, ки новобаста аз гирдобҳои таърих забони модарии хешро чун асли тоҷик ҳифз кардаанд, аз бадалшавӣ ба забонҳои ғайр эмин доштаанд.
Забони модарӣ баёнгари сарнавишти тоҷикон, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Аз ин лиҳоз, ҳифз кардани забони тоҷикӣ, нигаҳдорӣ ва сайқал додани он вазифаи муқаддас аст.
Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати ғамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем.
Бигузор, забони тоҷик, миллати тоҷик ва фарҳанги волои тоҷик ҷовидон бошад!


Раиси шаҳри Хуҷанд                                                      Раҷаббой Аҳмадзода