(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиш-фурӯши маҳсулоти ширкатҳои ҳиндӣ дар Хуҷанд.Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар толори «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши молу махсулоти ширкатҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар қисмати ифтитоҳии ин чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Анвар Яъқубӣ дар баромади хеш таъкид намуд, ки сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди иқтисодии Тоҷикистон тахҳим бахшидан ба равобити судманди муносибатҳои хориҷӣ бо давлатҳои гуногун натиҷаи хуб дода, рушди иқтисодӣ мамлакат сатҳу сифати нав мегирад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки намояндагони якчанд ширкатҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон имруз махсулоти босифатро пешкаши сокинони шаҳр ва вилояти Суғд менамоянд. Роҳбари ширкатҳои намоишгохҳои Ҳиндустон Прадип Кумар низ дар назди иштирокдорони намоиш-фурӯш ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти дапвлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд барои кӯмаку мусоидат ва фароҳам овардани шароити зарурӣ изҳори сипосмандӣ намуд.
Баргузории чунин намоиш-фурӯш дар шаҳри Хуҷанд бори дуюм буда, ин навбат молу маҳсулоти 23 ширкати ин кишвар ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Ширкатҳои ҳиндустонӣ маҳсулоти ҷавоҳирот, ороишоти занона ва мардона, атриёт, либосҳои занонаву поафзолҳои гуногуннамуд ва чойҳои ҳиндӣ ва ғайра ба фурӯш гузошта шуда буданд.
Дар назар аст, ки моҳи декабри соли равон бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилоят ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намояндагони корхонаҳои коркарди мева ва махсулоти полезӣ дар намоишгохи «Арофут» пойтахти давлати Ҳиндустон,- шаҳри Деҳлӣ баргузор мегардад, иштирок намоянд.