(0 овоз, миёна 0 аз 5)

“ШУКӮҲИ МИЛЛАТ” дар Боғи Камоли Хуҷандӣ

Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баҳри ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи адабию фарҳангӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” санаи 30-юми сентябри соли равон бахшида ба Соли фарҳанг, Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ таҳти унвони “Шукӯҳи миллат” дар маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” саҳнаи ҳунарнамоиҳои Боғи Камоли Хуҷандӣ Маҳфили адабиву фарҳангӣ доир гардид. Дар маҳфил намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдва шаҳри Хуҷанд, устодон аз Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ҳайати устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ ва шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ва навоҳиҳои атрофи он ширкат доштанд.
Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ба сухан баромада, ширкаткунандагони чорабиниро ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ табрик намуда, ҳадафи баргузории маҳфили адабиву фарҳангиро аз баланд бардоштани маърифати фарҳагии ҷавонон арзёбӣ намуд.
Сипас, намояндаи раёси фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Юсупов табрикоти Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба самъи иштиркочиён расонд.
Баъдан, доир ба рӯзгор ва осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Румӣ аз ҷониби донишҷӯёни ДДҲБСТ ва ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” шеъру сухан, суруду навои дилнишин, саҳнаҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ба маҳфил шукӯҳи тоза зам намуд.
Бояд тазаккур дод, ки чорабини бо иштироки адибону олимони номвар дар сатҳи баланди  касбӣ ва хотирмон ҷараён гирифт.