(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Намоиши  ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти Хуҷанд.

Нахустин таҷлили «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» дармаркази вилоят бо шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Ба ин муносибат дар назди Театри мазҳака-мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ намоиши махсулоти саноативу ҳунарҳои миллӣ баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Белорус ва Қирғизистон намояндагии консулгарии кишварҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Хуҷанд, зиёиён аҳли илму адаб, собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд ва Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Занони фаъоли махаллаҳои шаҳр бошанд, анъанаву маросимҳои миллиро бо як истеъдоди баланд пешкаши мехмонон намуданд.
Аз ҷониби маҳаллаҳои шаҳр ҳунарҳои мардумии  заргарӣ, кулолгарӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қаннодӣ, дуредгарӣ ва ғайра пешниҳод гардида, ба меҳмонон доири ҳар кадоме аз ин ҳунарҳои суннатии мардумӣ маълумот дода шуд. Дар баробари ин меҳмонону иштирокдорони тантана, имкон доштанд аз маҳсули меҳнати ҳунармандони хуҷандӣ харидорӣ намуда, барои худ тӯҳфа гирифтанд.
Ҳамзамон корхонаҳои саноатии шаҳр маҳсулоти омоданамудаи хеш ва занони ҳунарманд бошад маҳсули меҳнати дастӣ аз қабили сӯзанидузиву адрасбофӣ заргариву кулоҳдӯзӣ ва қолинбофиро ба намоиш гузоштанд. Ошпазу пазандаҳои Хучандшаҳр бошанд бо пухтани самбӯсаву сихкабоб ва оши болаззат машғул буданд. Раиси шахри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми муаррифии молу маҳсулоти Хуҷанд таъкид намуд, ки ин ҳама дастовардҳои имрӯза ва заминаҳои рушд аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар ин радиф аз ҷониби варзишгарони шаҳри Хуҷанд бошад чанд намуди  бозиҳои варзишӣ намоиш дода шуд.
Лозим ба ёдоварист,ки дар шахри Хучанд беш аз 174 хазор нафар аҳолӣ буда, барои тарбияи кӯдакон 36 кӯдакистон барои таълими хонадагон беш 47 муасисаҳои таълимӣ 3 литсейҳои касбӣ-техникӣ ва 5 таълимгоҳҳои олӣ фаъолият менамоянд. Дар маркази вилоят 162 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият дошта, аҳолии шаҳру вилоят ва хориҷи кишварро бо маҳсулоти гуногуни бо сифат таъмин менамояд.