29 Сентябр 2015
Агар Бӯалӣ сарбаландӣ гирифт,
Зи юмни Ҳакими Хуҷандӣ гирифт.
Гузашта аз ин бузургоне монанди Абурайҳони Берунӣ, Ёқути Ҳамавӣ,Асири Ахсикатӣ, Ҷамолиддини Исфаҳонӣ, Камолиддини Исфаҳонӣ, Муҳаммад Авфии Бухороӣ, Саъдии Шерозӣ, Ризоқулихони Ҳидоят ва даҳҳои дигар дар бораи донишмандону суханварони Хуҷанд,уламову фузалои ин шаҳри канори руди Сайҳун бо иззату икром сухан кардаанд. Чунончи дар тазкираи машҳур «Лубоб-ул-албоб» дар бораи Абубакри Хуҷандӣ ки аз Оли Хуҷанд машҳур буд чунин омадааст:» Абубуакри Хуҷандӣ дар Марв иқомат дошт ва Низомулмулк ба маҷлиси ваъзи ӯ мерафт.Сухани Абубакр ба вазир Низомулмулк хуш омад ва ӯро ба Исфаҳон овард ва тадриси мадрасае ба ӯ дод.
Ин ҷо месазад дар бораи ифтихори адабиёти тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки ба ҷашн 700 солагии он имрузҳо омодагии ҳамаҷониба рафта истодааст сухан намоям. Зеро давоми асрҳост, ки номи ин шоири тавоно муаррифгари шаҳри Хуҷанд дар ақсои олам мебошад.Суханшиносони олам исми ин шири тавоноро дар радифи Рудакиву Аттор, Мавлавиву Саъдӣ, Ҳофизу Бедил ном мебаранд. Боси массарат ва сарбаландист,ки бо инояти Сарвари Давлат Ҷаноби Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кушишҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодири дар маркази шаҳри Хуҷанд марқади ин шоири беназир бунёд гардид ва хокаш ба Ватан оварда шуд.
Ҳамватанони азиз, меҳмонони олиқадр. Хуҷанд дар баробари фозилону донишмандонаш бо мардони шуҷоъ ва муҳофизони хеш фахр мекунад. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик–намунаи рӯҳи шикастнопазир ва садоқати бепоён нисбати халқу Ватан буда, номи ин сарлашкари ҷовидон низ ҳамеша вирди забонҳо мебошад. Шуҷоат ва ҷоннисории Темурмаликро дар баробари абарқудратони ҷодаи ҳаёт чун Спитамен, Маздак, Абӯмуслим, Муқаннаъ гузоштан айни матлаб хоҳад буд. Зеро Темурмалики Хуҷандӣ аз зумраи ҳамин муборизони зидди истилогарон буд,ки муқобили ҳамлаи ҷаҳонгири хунхор Чигизхон,урдуи муғул ва сиёсати геносиди ӯ, ки барои қатли оммаи тоҷикон равона карда шуда буд ҷангид ва то тавонист шикаст дод.Зиндагиномаи Темурмалик барои имрузиён дарси ҷасорат ва мардонагист.
Дар маркази Шоҳроҳи Бузурги Абрешим қарор гирифтани Хуҷанд сабабгори иртиботи доимӣ ба тамаддуни ҷаҳонӣ ва пешравию рушди маънавию иқтисодии ғаҳр гардид.
Тоҷирони маҳаллию хориҷӣ намунаҳои беҳтарини ҳунари мардумиро ба кишварҳои дигар бурда, аз он ҷо низ осори илму тамаддун меоварданд. Имрӯз низ ин анъана идома дорад.
Дар даврони шӯравӣ низ шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои пешқадами Осиёи марказӣ ба ҳисоб мерафт ва таваҷҷуҳи олимоу фозилони оламро бо таърихи бою рангини худ ҷалб менамуд.Ҷашни 2500 содагии Хуҷанди бостон дар соли 1986 яке аз воқеаҳои дурахшони таърихи шаҳр дар китоби сарнавишти он дониста мешавад.Имрӯз Хуҷанд фарзандони сарбаланди он замон чун барқароркунандагони сохти сотсиалистиву колхозӣ, иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ,роҳбарону сарварони давр, олимону адибон ва умуман корнамоиҳои мардумро дар ёд дорад ва аҷргузорӣ менамояд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварӣ ва раҳнамоии Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷанд аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ хеле тараққӣ кард ва инкишоф ёфт.Маҳз бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлат 675 солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ дар солҳои аввали Истиқлолият баргузор шуд, ки ин аз таваҷҷӯҳи бепоёни давлату ҳукумат ба шаҳри Хуҷанд дарак медиҳад.
Имрӯзҳо шаҳри мо дар чашми муосирон гул мекунад. Бемуҳобо он ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфта истодааст. Алҳол корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, панҷ Донишгоҳ, даҳҳо мактабҳо ва муассисаҳои маърифатию фарҳангӣ, Осорхонаи таърихӣ, Маркази илмии Академияи улуми Тоҷикистон, Театрҳои давлатии ҷавонон ва мазҳакаи мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ширкатҳои тозабунёди ватанию хориҷӣ, масҷидҳо, қасри Арбобу Кохи Рӯдакӣ мояи ифтихори тоҷикону тоҷикистониён мебошанд. Имрӯз варзишгоҳ ва Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд ба меҳвари мусобиқаҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст ва ҳамзамон варзишгарони тоҷик аз шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои варзишии умумиҷумҳуриявӣ, осиёӣ ва ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Бо иштирок сарвари давлат ифтитоҳи Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», барқарор ёфтании хонаи Камол ,марқади шоир ва ҳайкали ӯ аз саҳифаҳои дурахшоникитоби таърихи шаҳр дар замони Истиқлолият мебошад. Имрӯз шаҳр бо олимону адибон.муаррихону устодон,ҳунармандону санъаткорон,.шаҳрсозон умуман мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад. Мардуми шарафманди Хуҷанд ҳамеша ҷонибдори Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарӯзаи худ ба пешрафт ва шукуфонии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои ба дастовардаи мо дар чанд соли охир аз он шаҳодат медиҳанд. Махсусан имсол бахшида ба соли Оила ,соли рушди фарҳанг ва гулҳо дар ҳудуди шаҳр корҳои зиёде руи кор омаданд, ки мову шумо шоҳиди ин дастовардҳо бузург мебошем.
Ҳамватанони азиз,ҳамаи Шуморо бо Рӯзи шаҳр табрику муборакбод мегӯям ва барои ҳаряке аз Шумо саодатмандиву хонаободӣ таманно менамоям.