(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори «Рӯзи шаҳри Хуҷанд»Бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд» дар маҷмаи варзишии маркази вилоят мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шиноварӣ, теннис, футбол, чавгон ва пойгаи аспдавонӣ баргузор гардид.
Дар қисмати ниҳоии мусобиқаҳои зикргардида Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии  ҳайати меҳмонон-иштирокдорони таҷлили «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» ширкат намуда, ба ғолибон медалу диплом ва ҷоизаҳои ғолибиятро супорид.
Мусобиқаи шиноварӣ дар «Маҷамааи ҳавзҳои шиноварии шаҳри Хуҷанд» баргузор гашта, он аз рӯи 4 намуд,- тарзи озод, баттерфляй, тахтапушт ва брасс баргузор гашт. Дар мусобиқа зиёда аз 40 нафар наврасону ҷавонони соли таввлудашон 1998-2000-ум ва 2001 хурд иштирок намуданд.
Дар ниҳояти бозӣ ғолибон аз рӯи ин намуди варзиш муайян карда шуданд. Аз рӯи натиҷаҳо Матвеев Максим, Шодиева Гулшан, Қурбонова Маниҷа ва Муллоев Фирдавс мутаносибан се ҷойи ифтихориро ишғол намуданд. Аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ Матвеева Карина иштирокчии хурдтарини мусобиқа дониста шуд.
Дар майдони чавгонбозӣ бошад, мусобиқаи чавгон байни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Бобоҷон Ғафуров» баргузор гардид, ки дар натичаи ба даст овардани 2 хол дастаи чавгонбозони шаҳри Хуҷанд ҷои якумро ишгол намуданд.
Бозингарони дастаи Хуҷанд,- Эшбоев Лоиқ, Саидмуродов Анварбек, Мирзозода Абдурауф маҳорати баланди варзишӣ нишон дода писанди ҳаводорони ин намуди варзиш гаштанд. Ба ҳайати дастаи ноҳияи ба номи Б. Ғафуров,- Ҳакимов Бахтиёр, Мирхолиқов Бахтиёр, Мирзоев Абдухалил низ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Баъдан дар ҳузури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва меҳмонони «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» сабқати аспдавонӣ дар пойга дар 4 давра гузаронида шуд.
Дар пойга байни аспи калони англисӣ, - асп бо номи «Вавилон» соҳибаш Эшбоев Лоиқ, савора Манонов Пайрав соҳиби ҷои якум, асп бо номи «Вакил» соҳибаш Эшбоев Урунбой, савора Шаҳром Эшбоев соҳиби ҷои дуюм гаштанд.
Давраи дуюм бошад дар пойга асптозон бо аспи тоҷикӣ мусобиқа намуданд. Дар ин давра савора Фирдавс Тоҷиев бо  аспи худ,- номи «Немо» ҷои якум, аспи «Буроқ» бо савораи Умедҷони Ҳасанзода ҷои дуюмро гирифтанд.
Давраи сеюм саворони аспи зоти англисӣ дар пойга асптозӣ намуданд. Аз рӯи нишондодҳои ниҳоӣ асп бо номи «Леван» соҳибаш Баҳодурхон, савора Атахон ҷои якумро гирифта, - аспи «Устувор», ки соҳибаш Саидмуродов Анварбекаст, бо савораи худ Усмонхон Алиев ҷои дуюмро ишғол намуданд.
Дар давраи чаҳорум асп бо номи «Радуга» соҳибаш Шокирхӯҷа Усмонов, савора Шукруллохӯча Усмонов ҷои якум мақоми аввалро соҳиб гашта, асп бо номи «Галант» соҳибаш Алиев Абдуваҳоб, савора Ҷонибек ҷои дуюмро сазовор гаштанд.
Ҳамчунин мусобиқаи тенниси калон байни наврасон духтарон ва калонсолон гузаронида шуд.
Байни духтарон дар ин мусобиқа Урунбоева Камила, Юлдошева Азизахон ва Каримова Парвина сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Қисмати дигари мусобиқа ин қувваозмоӣ  байни наврасон аз рӯи ин намуди варзиш буд. Наврасон Паллаев Парвиз ва Насимов Нодиршоҳ ҷойҳои якуму дуюм ва Раҳмонов Абдуваҳҳоб ҷойи семро ишғол намуд.
Теннисбозони калонсол  низ маҳорати баландиварзишӣ нишон дода, баҳои баланди доваронро сазовор гаштанд. Ғолибият ва медали тилло насиби Баҳодурхӯҷаев Олим гашта, Паллаев Ширин ва Паллаев Парвиз ҷойҳои баъдии ифтихориро мутаносибан соҳиб гаштанд.
Ҳамзамон дар майдони варзишии ба номи «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи футбол байни дастаҳои «Боғ» ва ба номи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳр» бахшида ба «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.
Дар анҷоми бозӣ бо ҳисоби 2:1 дастаи футболбозони «Боғ» муваффақ гаштанд.
Дар расми супоридани ҷойиза ба дастаи ғолиб Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди ҳозирон суханронӣ намуд.
«Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо дар зинаҳои рушди бемайлон қарор дорад. Яке аз ҳадафҳои асосии таҷлили «Рӯзи шаҳр» низ таҳким бахшидан ба тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи таърихи бою рангини кишвари маҳбубамон аст. Зеро ватандорию ифтихори миллӣ маҳз аз омӯзиши фарҳанги диёрамон ибтидо мегирад.» таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар шаҳр чорабиниҳои дигар бахшида ба ин санаи таърихӣ идома дорад.