(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро бо иди касбиашон табрик намуда, барояшон саодатмандӣ, бурдбориро орзумандам.
Мардум дар бораи корнамоиҳои зумраи наҷотбахшон –ин абармардони шуҷоъ чӣ дар ҳолатҳои мудофиаи гражданӣ ва чӣ дар пешгириву рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда хуб огаҳанду ба онон аҳсант мехонанд. Зеро ки маҳз кормандони ин соҳа ҳамеша дар ҳама гуна ҳолатҳои номатлуби табиӣ аввалин шуда ба кӯмак меоянду зарардидагонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Ин сохтор ҳамчун мақоми марказии ҳокимияти иҷроия шуморида шуда, дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идораи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ саҳмгирӣ менамояд ва дар ҳамоҳангсозии маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатӣ, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави Тоҷикистон то ощоз ва ҳангоми сар задании амалиёти ҷангӣ нигаронида шудаанд, масъулият бар дӯш дорад. Ин рӯзҳо чанде аз хизматчиён баҳри иҷрои вазифаҳои хеш ҷони худро барои ҳифзи Ватан фидо намудаанд ва дар иҷрои вазифаи ҷонӣ ҳар соату дақиқа омода мебошанд. Ситоди мазкур ва сохторҳои таркибии он баҳри бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва садамаҳое, ки дар миқёси шаҳр рух медиҳанд, пайваста ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Ин абармардони шуҷоъро, ки ба вазъиятҳои гуногун нигоҳ накарда, ҷон дар каф ҳаёти мардумро ҳифз менамоянд, тамоми кормандони ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон ҳамеша тани баофият хоҳонем.
Иди касбиатон муборак абармардони қавиирода!


Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Раҷаббой Аҳмадзода