1242
(0 овоз, миёна 0 аз 5)
14 Август 2015
Субҳи имрӯз аз назди Кӯдакистони президентӣ то назди муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ марафони хайриявии маъюбон бо номи «Саломат бошед» доир гардид, ки дар он 100 нафар маъюбони шаҳру вилоят иштирок карданд. Дар назди муҷассама онҳоро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо тантана пешвоз гирифтанд.
Зимни чорабинӣ гуфта шуд, ки марафони мазкур бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гашта истодааст.
Имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 56 ҳазор маъюбон зиндагӣ мекунанд. Аз онҳо 15500 нафарашон маъбони камбизоат-аъзои Чамъияти маъюбони вилоят ба ҳисоб мераванд, ки ҳамеша аз дастгириву ғамхории давлату ҳукумат бархурдор ҳастанд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Кибриё Ҷӯраев аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба иштирокчиёни марафон тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.