(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дарси  шуҷоат: Ҷавонон таърихро гиромӣ медорандДарси  шуҷоат: Ҷавонон таърихро гиромӣ медорандБо ҳадафи тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ифтихор аз ватандорӣ, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси ниёгон дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-уми шаҳри Хуҷанд «Дарси шуҷоат» дар мавзӯи «Мо тозабаҳори гулнисори Ватанем» гузаронида шуд.

Дар он собиқадорони ҷангу меҳнат ва зиёда аз сад нафар хонандагони синфҳои болоӣ ва сарварону устодони дабиристонҳои шаҳр иштирок намуданд. Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов дар оғози дарс оид ба диловарию қаҳрамониҳои родмардони Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 сухан карда, насли ҷавони замони истиқлолро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ даъват намуд.

Дарси  шуҷоат: Ҷавонон таърихро гиромӣ медорандДар рафти «Дарси шуҷоат» толибилмон дар бобати корнамоиҳои беназири халқи тоҷик дар солҳои мудҳиши ҷанг саволҳо дода, аз Раиси шаҳр ва иштирокчиёни набард ҷавобҳои қаноатбахш гирфтанд.

Дар фарҷом ба талабагони фаъол ва устодони пешсаф тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахусус, китобҳои таърихи ҶБВ тақдим карда шуданд.