(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи варзишгаронВарзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзишро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорам.
Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таваҷҷӯҳи бештари Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба тарбияи ҷисмонию варзиш буд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Барномаҳои дурамали маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва рушди футбол таҳия гардида, мавриди иҷро қарор дорад. Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд якчанд иншоотҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ, байни биноҳои баландошёна сохта ба истифода дода шуд ва вусъату идомаи ин иқдом аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд.
Ғамхориҳо нисбат ба варзишгарон буд, ки давоми солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд Қасри варзиш, варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият, толорҳои варзишӣ, маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ ва майдони варзишӣ қомат афрохта, дари худро ба ҷавонон боз намуданд. Ин ҳамаи шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмӯъ барои беҳдошти тарзи ҳаёти солим нигаронида шудааст.
Дастовардҳои варзишгарон дар нимсолаи аввали соли 2015 аз рӯи намудҳои варзиш назаррас буда, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмиллаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ба гирифтани 1190 медал, аз ҷумла 458 медали тилло, 306 медали нуқра, 426 медали биринҷӣ ноил гаштанд.
Боварӣ дорем, ки варзишгарони шаҳр минбаъд низ дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи варзиш ва тамаддуни миллати тоҷикро маъруфият мебахшанд.
Бо чунин ниятҳои нек ба ҳар яки Шумо-варзишгарони саодатманд расидан ба натиҷаҳои баланди варзиширо таманно дорам.
Рӯзи варзишгарон муборак!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Раҷаббой Аҳмадзода