(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд – Истамбул сайрхати нави ҳавоӣ.Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили сайрхатҳои нави ҳавоӣ бо кишвархои дуру наздик таҳкимбахши робитаҳои иқтисодии кишвар маҳсуб меёбад.
Шоми душанбе тайёраи «Боинг» аз ширкати бонуфузи ҳавопаймоии «Сайрхатҳои ҳавоии Туркия» (Turkish airlines) тавассути нахустсайрхатти ҳавоии «Истамбул-Хуҷанд» аз яке аз шаҳрҳои мутараққии давлати Туркия - шаҳри Истамбул дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд фуруд омад. Нахустмусофиронро, ки иборат аз сафири кабири Туркия дар Тоҷикистон Мехкид Мўнис Дирик, президенти ширкати ҳавопаймоии «Сайрхатҳои ҳавоии Туркия» Абдулло Атиш Оглу ва муовини ў Аҳмад Олмуштуру ҳамроҳонашро мардуми меҳмондўсти Хуҷанд бо нону намак ва садои мутантани карнай истиқбол гирифтанд. Лозим ба ёдоварист, ки ширкати мазкур ба 100 кишвари дунё сайрхатҳои парвоз дошта, беҳтарин шароиту хизматрасониҳо ба мусофирон пешниҳод карда мешавад. Имрўз ин ширкат аз 284 парки тайёравӣ (мусофиркашон ва боркашон) иборат буда, дар 229 хатсайрҳои байналхалқӣ ва 48 дохилӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст. Соли 2015 аз рўи баҳогузории байналхалқӣ ширкати «Turkish airlines» 5 маротиба пайи ҳам соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин ширкати ҳавопаймоии Аврупо» ва 7 маротиба «Беҳтарин ширкати ҳавопаймоии Аврупои ҷанубӣ» дониста шудааст.
Пешбинӣ мегардад, ки дар давраи аввал сайрхатти «Истамбул-Хуҷанд» ҳафтае ду маротиба рўзҳои душанбеву панҷшанбе аз Истамбул ба Хуҷанд ва рўзҳои сешанбеву ҷумъа аз Хуҷанд ба Истамбул парвоз хоҳад кард. Арзиши чипта махсус буда, рафтуомад бо тамоми андозу пардохтҳои ҳатмиаш 352 доллари ИМА-ро ташкил медихад.