(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷанговарони байналмиллали тоҷику қирғиз дар Хуҷанд мулоқот намуданд.

Бодастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсиалист вохӯрии ҷанговарони байналимиллали вилояти Суғд бо иштирокчиёни ҷангҳои байналмиллалӣ аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Меҳмононро аз даромадгоҳи маркази вилоят муовини Раиси шаҳр Умеда Бурҳонзода Муродӣ, ҷавонони фаъол ва собиқадорони ҷанговарони интернатсиалисти шаҳр пешвоз гирифтанд.
Баъди қабули расмӣ ва самими меҳмонон иштирокдорони чорабинӣ дар Боғи Ғалаба ба пояи муҷассамаи ёдгории ҷанговарони қурбонгашта дар хориҷи кишвар гулчанбар гузоштанд.
Сипас ҷангварони байналмиллали тоҷик ба ҳамяроқони қирғизи худ иншооти «Қасри варзиш», Варзишгохи «20 солагии Тоҷикистон», ҳавзи шиноварӣ ва Маҷмааи таърихӣ-фарҳангӣ ва фароғатии ба номи К. Хуҷандиро намоиш доданд. Ҳамчунин дар майдони мактаби варзишии № 1 байни меҳмонон ва мизбонон мусобиқаи рафиқона аз рӯи намуди «футболи хурд» баргузор гардид.
Дар маҳфили фарҳангӣ бошад барномаи ҷолиби фароғатӣ ва адабӣ дар мавзӯи дӯстии ин миллати ҳамсоя бахшида шуда буд, раиси Шӯрои ҷанговарони байналмиллал Комилҷон Содиқов ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ баромад намуда, меҳмоноро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода хайрамакдам гуфтанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ин ташрифи ҷавобии собиқадорони қирғиз ба Хуҷанд буда, моҳи феврали соли равон ҳайати собиқадорон-ҷанговарони байналимиллали Тоҷикистонӣ меҳмони вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон шуда буданд.