(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Имкониятҳои сайёҳии Хуҷанд дар Ҷопон муаррифӣ мешавад

Яке аз стратегияи муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои кишвари зебоманзари мо барои ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон аст. Бинобар он таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои омода намудани мутахассисони соҳа ва баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо назаррас аст.
Дар ҳамин замина дар асоси ҳамкориҳои Чумхурии Точикистон ва давлати Ҷопон чандест, ки дар Тоҷикистон барномаи Оҷонсии мкосибатҳои байналхалқии давлати Ҷопон амал намуда барои омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун, такмили малакаи касбии онҳо саҳм мегузорад.
Тибқи барномаи номбурда аз санаи 21 июл то санаи 7 август 6 нафар кормандони сохторҳои давлатии соҳаи рушди сайёҳӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар семинари омӯзишии «Рушди сайёҳии минтақавӣ» дар ин кишвар қарор доранд. Дар ин бозомӯзӣ ҳамчунин аз кишварҳои Туркманистон, Арманистон дар умум 14 нафар ширкат менамоянд.
Дар барномаи сафари корӣ ба ғайр аз омӯзиши таҷрибаи ниҳодҳои давлати Ҷопон вохурию мулоқотҳо бо роҳбари ширкату коргоҳхои сайёҳии ин давлат пешбинӣ  гаштааст. Дар доираи чорабиниҳои ба нақша гирифта шуда, иштирокчиёни ин семинар аз вилояти Суғд бо масъулини щаҳрдории Сэндай бо сардори Шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии департаменти иқтисодӣ, савдо, саноат ва туризми префэктураи Мияги бо Кейсуке Такахаси мулоқот намуда ба номбурда китоб ва видеофилми мустанад дар бораи шаҳри Хуҷандро супориданд.