(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонон дар тозагии соҳили дарё саҳм мегузоранд.Бо максади таквият бахшидан ба корхои ободкориву созандагӣ, тозаю обод гардонидани соҳили дарёи “Сир” санаҳои 24-25 июли соли равон дар соҳили дарёи “Сир” шанбегии умумшаҳрӣ бо ҷадби ҷавонони фаъол, варзишгарон ва масъулини бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии маркази вилоят гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур беш аз 80 нафар жавонону варзишгарон иштирок намуда, соҳили дарёи «Сир»-ро аз партовҳо, ашёҳои аз ҷониби шаҳрвандон  партофташуда ва алафҳои худрӯй тоза карда шуданд.
Ҳамчунин бо кӯмаки ихтиёриён соҳили рости дарёи “Сир” аз қисмати варзишгоҳи “Лочин” то интиҳои меҳмонхонаи навбунёд алафҳои дарё ва обсабзҳои соҳил  даравида шуда, шохаҳои хушкшуда ва алафҳои худрӯйи байни соҳилу роҳи нақлиётгард тоза карда шуданд. Чунин корҳои ободонӣ дар соҳили чапи дарёи “Сир” аз кӯпруки “Ҷашнӣ” то қади соҳили роҳи Кӯдакистони Президентӣ аз партовҳо ва алафҳои хушкшуда тоза карда шуд. Чунин корҳои ободонӣ ва аз партов тоза кардани соҳили дарё аз кӯпруки марказии шаҳр то меҳмонхонаи “Ленинобод” низ анҷом дода шуд.