(0 овоз, миёна 0 аз 5)

500 рӯзи ободонӣ ба ҷашни ИстиқлолиятВобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эълон шудани 500 рӯзи ободонӣ, дар шаҳри Хуҷанд корхонаю ташкилотҳои мухталиф омодагиро оғоз намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз корҳои таъмир ва тармими бинои  маъмурии Шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Роҳбарияти коргоҳ ният доранд то санаи 15 августи соли равон намуди берунаи биноро пурра азнавсозӣ намуда, қисми аввали таъмирро ба охир расонанд. Ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки дохили бино ва саҳни ҳавлии бинои маъмурии барқчиён аз таъмири хушсифат бароварда мешавад. Барои ин корҳо зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти амалишавии лоиҳаи «Паст кардани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Роҳбарияти коргоҳ ба Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои озмоишӣ ва таҳлил баъди насби ҳисобкунакҳои электронии барқӣ дар манзили 120 муштарии 6 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи «Бофанда» идома дорад. Ҳоло ду нафар мутахассисони чинӣ бо ҳамроҳии 4 нафар кормандони идораи барқи шаҳр барномаҳои назорат ва танзиму ба ҳисобгирии маблағи сарфаи барқро насбу роҳандозӣ менамояд. Таҳлилҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки ҳоло дар маҳалли озмоишӣ сарфаи неруи барқ, таъмини мунтазами интиқоли он ба хонаи сокинон тибқи меъёрҳои ҳатмӣ сурат мегирад.
Раиси шаҳри Хуҷанд диққати роҳбарияту масъулини шабакаи барқро барои сари вакт анҷом дода шудани корҳои лоиҳавӣ тибқи нақша ва бе ихтисори шумораи коргарон дар муассисаи мазкур баъди анҷомёбии лоиҳа, ҷалб намуд.