(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Робитаи шаҳрҳои Хуҷанд ва Могилев таҳким меёбад.Имрӯз дар доираи баргузории Ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд - 2015», ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд санаҳои 24-25 июл баргузор мегардад, мулоқоти соҳибкорони шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти корхонаҳои бонуфуз ва шаҳрдории шаҳри Могилеви Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид.
Мулоқоти кориро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба маркази вилояти Суғд, - шаҳри Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфт. «Боиси тазаккур аст, ки ҳамкории мо аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минск дар соли 2014 маншаъ гирифта, идомаи иҷроиши он дастуру супоиршҳои сарвари мамлакатамон аст, ки доири вусъат додани робитаҳои иқтисодии ва фарҳангии ин шаҳрҳои Тоҷикистон ва Белорус қайд гашта буд. Мо эътимод дорем, ки имрӯза чорабинӣ, ҳамкории моро ба сатҳу сифати дигар табдил дода, барои амалишавии созишномаҳои байнидавлатии кишварҳоямон суръати тоза хоҳад бахшид»-зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳамсола то 30 корхонаҳои хурду миёна ба фаъолиятит оғоз менамоянд, ки он барои рушди робитаҳои соҳибкории ин ду бародаршаҳр заминаи устуворро ба миён овардааст.
Дар мулоқот ба ғайр аз роҳбарони вохидҳои сохтории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, хамчунин як қатор соҳибкорони маркази вилоят, ки дар соҳаҳои сохтмон, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, нону қаннодӣ, чӯбу тахта, алюминӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ фаъолият доранд, ширкат намуданд.
Аз ҷониби меҳмонон роҳбарии ҳайати кориро муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Могилев Александр Потемкин ба зимма дошта, ҳамчунин ба ин ҳайат Олга Тимофеенко, сардори Раёсати истеҳсолоти ширкати истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодии «Домочай», Александр Рыбаков муовини сардори раёсат оид ба маркетинги  корхонаи «Могилевлифтмаш», Олег Семерник муовини Директории генералии ширкати «Могилевдрев» шомил буданд.
Бо пешниҳоди Раиси шаҳри Хуҷанд чанде аз соҳибкорон аз қабили Ширкати «Дилписанд», «Корхонаи нонбарории Хуҷанд», ширкати «Аквапласт», Асотсиатсияи «Кедр» дар назди ҳозирон доири фаъолият ва имкониятҳои коргоҳхои худ маълумот доданд. Ба иштирокдорони ин ҳамоиш ширкатҳои номбурда ҳамчунин бобати дурнамои фаъолияти худ ҳарф зада наворҳои муаррификунандаи имконоту захираҳои худро намоиш доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони коргоҳхо пешниҳод намуд, ки бо назардошти шароити мусоиди ҳамкории иқтисодӣ, соҳибкорон имкон доранд, робитаи дуҷонибаро дар ҷодаи таъсиси корхонаҳои муштарак, ташкили марказҳои омода намудани мутахасссони насбу таъмир ва азнавсозии лифтҳои мусофирию боркшонӣ, истеҳсоли маҳсулоти мебелӣ, қаннодӣ ва дар шаҳри Могилев таъсиси тарабхонаҳои миллӣ бо истеҳсоли самбусаю оши палави тоҷикӣ ва дига таомҳои мардумии мо густариш диҳанд.
Қисмати дуюми рӯз ҳайати соҳибкорони белорус ба гурӯҳҳо тақсим шуда, барои идомаи гуфтугунид, шиносоии бевосита ва баррасии ҳамкорӣ ба якчанд коргоҳхои истеҳсол ва коркарди чӯбу тахта, маҳсулоти ордию қаннодӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ширкатҳои сохтмонии шаҳри Хуҷанд рафтанд.