(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Кулли кормандони соҳаи нақлийти автомобилиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо самимият ва эҳтироми афзун табрик намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, табъи болидаю рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъда ба хотири рушду пешрафти соҳа комёбиҳои тоза таманно мекунам.
Нақши соҳаи нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиёт ва дар ин радиф беҳдошти сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, ободонию зебоии шаҳр басо назаррас аст. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди инфраструктураи нақлиёти автомобилӣ, аз қабили сохтмону таҷдиди роҳҳо ва иншоотҳои он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Чи тавре, ки Сарвари давлат, Ҷанобт Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ташкил ва рушди марказҳои нақлиётиву логистикӣ ҳамчун қисми таркибии инфрасохтори нақлиётии минтақавӣ метавонад имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши ҳиссаи мамлакат дар хизматрасонии минтақавию байналмиллалии нақлиётӣ мусоидат намояд, ки ин ҳам ҷаойҳои нави корӣ ва ҳам манбаи даромади иловагии буҷет ва рушди иқтисодиёт  мебошад.»
Итминони комил дорам, ки кормандони муҳандисию техникӣ, ронандагон, челонгарон ва ҳамаи алоқамандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардошта, дар рушду пешрафти соҳа ҳиссаи арзанда мегузоранд.
Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо кули алоқамандони соҳа саломатию сарбаландиҳо ва дар меҳнати садоқатмандонаатон муваффақиятҳо хоҳонам. Бигзор рӯзгори хурраму босаодат насибатон гардад!
Иди касбиатон муборак, кормандони нақлиёти автомобилӣ!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                Раҷаббой Аҳмадзода