(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

Шиносоии Раиси шаҳри Хуҷанд  аз коргоҳи «Садаф»Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи имрӯзаи фаъолият ба корхонаи давлатии «Садаф» омад.
Дар оғоз Раиси шаҳр бо ҳайати роҳбарият кормандони масъули ин коргоҳ ва корхонаҳое, ки дар ҳудуди он ҷойгиранд ҷаласаи корӣ доир намуд. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки корхона имрӯз тамоми имконият ва шароитҳои мавҷударо бояд ба таври мукаммал истифода баранд. Ҳамчунин барои роҳандозии ҳамкории корхона бо ширкатҳои ҳамсони хориҷа тадбирҳои мушаххас андешидан лозим аст. Баъдан Раиси шаҳри Хуҷанд аз коргоҳи оҳангудозии ҶДММ «Ван-Да» дидан намуд. Дар коргоҳи мазкур маводи оҳанӣ азнав гудохта мешавад. Корхонаи мазкур дар нимсолаи аввали соли 2015 ба маблағи 353,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти оҳанӣ истеҳсол кардааст. Шумораи кормандон  бошад 15 нафар буда, музди миёнаи маоши онҳо 900 сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давраи зикргардида ба маблағи 81050,0 сомонӣ андозҳо ҳисоб карда шуда, 45378,0 сомонӣ пардохт карда шудааст. Ҳангоми мулоқот бо роҳбарияти ин корхона Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод,ки таъмини шароити мусоиди корӣ, ҳимояи ҳифзи иҷтимоии кормандон, ғамхорӣ нисбати онҳо бояд дар мадди аввали масъулини корхона бошад.
Дар баробари ин зикр гардид, мутаносиби кормандони маҳаллӣ нисбати шахсони хориҷии дар ин коргоҳ фаъолият  дошта, бояд аз 90 фоиз кам набошад.
Раҷаббой Аҳмадзода инчунин аз фаъолияти ҶДММ «Садаф Пласт» низ дидан намуд. Коргоҳ асосан ба истеҳсоли маҳсулоти пластмасӣ машғул буда, давоми шаш моҳи соли равон ба маблағи 61,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88,2 фоизро ташкил дод. Шумораи кормандон 12 нафар буда, ба ҳисоби миёна 677,8 сомониро ташкил медиҳад. Баъди шиносоӣ бо имконоту захираҳои мавҷуда Раиси шаҳр  супориш дод, ки ҳаҷм ва номгӯи истеҳсолотро бештар намуда, барои зиёд намудани номгӯи маҳсулот аз қабили ашёи рӯзғор ва воситаҳои гуногуни сохтмонӣ чораҳои амалӣ андешанд. Зеро аз мушоҳида ва таҳлилҳои мавҷуда бармеояд, ки роҳбарияти корхона то ҳол барои вусъати фаъолият барномаи мушаххаси худро надоранд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар анҷоми шиносоӣ аз фаъолитяи коргоҳи «Садаф» ва коргоҳхои дар ҳудуди он ҷойгир шуда, доири фароҳам овардани шароити мусоиди кормандон пардохти саривақтии андозҳои мавҷуда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкату корхонаҳои хориҷи кишвар дастуру супоришҳо дод.