(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шахсони имконияташон маҳдуд ҳамеша аз ғамхорӣ бархурдоранд.

Ба муносибати Рӯзи маъюбон дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки шахсони имконияташон маҳдуд чорабинии махсус доир гардид. Дар он беш аз 250 нафар шахсони имконияташон ва нафарони эҳтиёҷманд аз 25 муассисаи иҷтимоии шаҳру навоҳии вилоят ширкат намуданд.
Дар оғоз ҳозирон имкон доштанд аз маҳсули дастони маъюбон аз қабили сару либоси махсус ва дигар ашёи рӯзгор тамошо намоянд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.
Ин табақаи эҳтиёҷманди ҷомеаро ба муносибати ҷашнашон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳният гуфт. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар маркази сиёсати Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва натиҷаи ҳамин сиёсати инсонгароёна аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои соҳа, аз қабили марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва мактаб-парваришгоҳҳои ҳудуди вилоят тамоми шароити зарурӣ барои зиндагӣ ва кору истироҳати қишри ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шуда, аёдати онҳо дар арафаи иду айём ба таври мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд 51 ҳазору 740 нафар ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки беш аз 7 ҳазор нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора наздик 1800 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ба вазъи саломатии хеш нигоҳ накарда, ба меҳнати созанда машғул мебошанд. Имруз маъюбон ҳамчунин иштирокчии фаъоли соҳаи варзиш мебошанд ва дар мусобиқоти гуногун ширкат меварзанд. Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити истироҳати бошандагони муассисаҳои иҷтимоӣ соли равон аз буҷети вилоятӣ 4,7 миллион сомонӣ равон гардида, то имруз 50 дарсади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин замина, барои чунин муассисаҳо ашёи зарурӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор харидорӣ ва дастрас карда шудааст. Аз ҷумла, соли равон 24 адад телевизор, 15 адад яхдон, воситаҳои сардкунию гармидиҳӣ ва ғайра барои хона-парваришгоҳҳо таъмин гардидааст.
Илова бар ин соли 2015 аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 105,3 ҳазор сомонӣ ҷиҳати харидории маводи доруворӣ барои маъюбону пиронсолон ҷудо карда шудааст. Чуноне иттилоъ дода шуд, имрӯз 225 нафар кормандони шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ба 1854 нафар ашхоси ниёзманд кӯмаки саривақтиро доир ба масоили таъминоти иҷтимоӣ мерасонанд ва 280 нафар табибону мураббиён дар парваришгоҳҳо ба нигоҳубини эҳтиёҷмандон машғуланд. Чунин муассисаҳо инчунин аз кӯмаку ғамхории сарпарастон бархурдор мебошанд. Таъмиру сохтмон ва эҳёи марказҳои иҷтимоӣ низ идома дорад.
Иштирокчиёни ҷамъомади идонаро инчунин раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Эсанбой Воҳидов табрик гуфт ва барои таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат аз номи маъюбон изҳори сипос намуд.
Дар ин рӯз соҳибони ҷашн соҳиби тӯҳфаҳои арзандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардиданд. Ба маблағи 6 ҳазору 500 сомонӣ ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ, ба пиронсолон ва маъюбони шаҳри Хуҷанд кондитсионеру яхдон ва ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ба Муассисаи давлатии Хона-интернат барои беморони руҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов кондитсионер ва камераҳои назоратӣ аз номи Раиси вилоят тақдим карда шуданд.
Инчунин бо қарори Раиси вилоят ҷиҳати таъмири Маркази ёрии иҷтимои шаҳри Истаравшан ва таъмини Маркази ёрии иҷтимоии шаҳри Конибодом бо мизу курсӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, ба 5 нафар эҳтиёҷманд аробачаҳои маъюбӣ ҳадя гардиданд.
Бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамзамон дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии ҳудуди шаҳр  ва маҳаллаҳо  чорабиниҳои  гуногун доир гардид.