(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Қабули навбатии Раиси шаҳр.Дар Мақомоти  иҷроияи ҳокмимяти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид.
Дар баробари муроҷиаткунандагон гурӯҳе аз бошандагони маҳаллаи «1 май» сокинони кӯчаҳои «Новая», ва ба номи Р. Набиев Роҳат Бобоҷонова, Ҳамида Одинаева, Мавчуда Зохидова, Саида Воҳидова ва Муҳаррам Сайфиддинова ба Раиси шаҳри Хуҷанд бобати азнавсозии хиёбони ба номи Р Набиев, таъмини минбаъдаи онҳо бо манзили зист лоиҳаҳои сохташаванда дар маҳал сӯхбат намуданд. Баъди мулоқоти судманд бо Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиаткунандагон аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ин гуфтугӯи ошкоро ва самимӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода сипосмандӣ намуданд. Лозим ба қайд аст,ки тибқи нақшаи генералӣ қисми кӯчаҳои ба номи Р Набиев ва «Новая» азнавсозӣ гардида, бунёди биноҳои замонавии баландошёна давоми се соли оянда бо назардошти тамоми талаботу меъёрҳои шаҳрсозӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин аз Раиси шаҳри Хуҷанд 20 нафар барои  гирифтани замини наздиҳавлигӣ, 11 нафар барои табобат ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ва дигар масъалаҳо аз қабили ҷойгир намудан дар хобгоҳ ва боғчаи бачагона, дастрас намудани масолеҳи сохтмон ва ғайра дархост намуданд.
Теъдоди умумии муроҷиаткунандагон ба Раиси шаҳри Хуҷанд дар ин рӯз 60 нафарро ташкил дод.