(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таъмини оби нӯшоки, фаъолияти фаввораҳо зери назорат махсус қарор дорад.

Аз интиҳои моҳи июл дар қаламрави кишвар аз меъёр зиёд гарм шудани ҳаво ба мушоҳида мерасад. Аз рӯи маълумот ва пешгӯии идораи обуҳавосанҷон ҳарорати баланди ҳаво қариб то нимаи моҳи июл пешбинӣ гаштааст.
Бо назардошти ин тибқи дастури Раиси шахри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми марказхои саломатӣ, беморхонаҳо ва муассисахои иҷтимоӣ чораҳои пешгирӣ намудани аз нури офтоб зарар дидани сокинонро андешидаанд.
Ҳамзамон ба роҳбарони кӯдакистонҳо дастур дода шудааст, дар соатҳои қиёми офтоб ва гармӣ ба ҳарорати ҳавои хонаю ҳуҷраҳои онҳо эътибори ҷиддӣ дода, соати машғулиятҳои кӯдаконро тибқи нишондоди духтурон тартиб диҳанд. Ҳамчунин тариқи расонаҳои иттилоотӣ баромади мутахассисон ва духтурон ташкил карда шуда сокинонро  доири талаботи санитарӣ ва сиҳатии бошандагони шаҳр дар ин рӯзҳои гармои бесобиқа огоҳ менамоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба идораҳои таъминоти об ва фаъолияти ташноб, муассисаи нақлиёти сантирӣ, идораи таъмини фаъолияти фаввораҳо супориши қатъӣ дод, ки таъминоти шабонарӯзии сокиноро бо об сари вакт кашондани партов ва фаъолияти фаввораҳоро таъмин ва назорат намоянд. Дар маркази вилоят алҳол 13 фаввораҳои доимоамалкунанда ҳусни шаҳрро зеб медиҳанд.