(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар маҳаллаи «Сирдарё» минтақаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ кушода шуд.Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони мақомоти милитсия бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар махаллаи «Суғдиён»-и шаҳр ҳуҷраҳои кории минтақаи хизматии рақами 3-и шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Минтақаи хизматии мазкур дар ошёнаи якуми хобгохи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷойгир буда, барои таъмини тартиботи ҷамъиятии сокинони шаҳр, хизмат менамояд. Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода,   сипосмандии  Вазорати корҳои дохилиро ба Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва  ба кулли нафароне, ки дар корҳои ободонии минтақаи маъмурӣ мусоидат намудаанд, иброз намуд.
Дар саҳни бино Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ анҷом дода, зикр намуд, ки имрӯзҳо бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамаи шароитҳо барои кормандони милитсия муҳайё шуда истодааст ва бояд кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои президенти кишвар бар зидди ҳамагуна ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон баранд.