(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мушкилоти кӯчаи ба номи Ҷ. Зокир ҳалли худро ёфт.Таи чанд сол буд, ки сокинони кӯчаи ба номи Ҷ. Зокир аз ҳолати садамавӣ ва ҷамъшавии об дар мавсими бориш душворӣ мекашиданд.
Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда як гурӯҳ бошандагони кӯчаи номбурда ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода моҳи январи соли равон муроҷиат намуда, бартараф намудани ин ҳолатро дархост намуда буданд.
Бо мақсади ҳалли ин мушкилот ва шиносоӣ бо ҳалати воқеии муаммои ҷойдошта Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии мутасаддиёни идораҳои ободонӣ, роҳсозӣ, сохтмон, раисони маҳаллаҳо дар интиҳои моҳи январи соли ҷорӣ ба кӯчаи мазкур омада бо вазъи ин кӯча бевосита ошно гашта буд.
Кӯчаи мазкур аз буриши кӯчаи ба номи Фирдавсӣ оғоз ёфта то буриши кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ тӯл мекашад. Масофаи кӯча зиёда аз як километрро ташкил дода, барои сокинон ва муҳассилини колеҷи тиббӣ роҳи асосии пиёдагардӣ маҳсуб меёбад. Давоми 20 соли охир мардуми атрофии маҳалла ва пиёдагардон аз ноҳамвории роҳ ва ҷамъшавии зиёди об баъди бориши борон ва барф, ки барои роҳгардӣ имкон намедиҳад азият мекашиданд.
Раҷаббой Аҳмадзода баъди шунидани пешниҳоди мутахассисон дастур дода буд, ки бояд ин муаммо пурра ҳалли худро ёбад.
Дар асоси пешниҳоди мутахассисон дар кӯчаит мазкур барои рафъи мушкилот хобондани қубури обрав ва кофтани ҳавзи ҷамъшавии оби кӯча муқаррар гашта буд.
Баъди тасдиқи нақшаи корӣ мутахассисону кормандони Ширкати сохтмонии «ПМК-19» дар кӯчаи ба номи Ҷ. Зокир ба кофтани ҷӯйбору ҳавзи ҷамъшавии об ва хобондани қубур оғоз намуданд. Масофаи кӯча зиёда аз 500 метр буда, он яке аз маҳаллаҳои қадимаи шаҳр маҳсуб меёбад.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои ин ширкат дар кӯчаи мазкур ошно гашт.
Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд ҳавзи ҷамъшавии об, ки имкони 150 метри кубӣ ғунҷоиши обро дорад, ҳамзамон чун манбаи захиравии об барои истифодаи сӯхторхомӯшкунандагон истифода шуда, болои ин ҳавз нишастгоҳи фароғатӣ барои сокинони маҳалла сохта хоҳад шуд.
Барои анҷоми корҳои зикргардида аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 140 ҳазор сомонӣ ҷудо гаштааст.