(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ғолиби озмун ошпази ХуҷандӣБегоҳи он рӯз озмуни “Гулҳо” ва “Оши палав” ҷамъбаст ва ба ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диплому мукофотпулиҳо тақдим карда шуд.
Озмуни «Оши палав» аз рӯи номинатсияҳои гуногун гузаронида шуд ва дар он 40 нафар ошпазҳои моҳири шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд.
Боиси тазаккур ва ифтихори мост, ки дар озмуни «Оши плави беҳтарин» сарошпази чойхонаи «Сирдарё»-и маркази вилоят Носир Ортиқов ғолиб омад. Ба ӯ Раиси вилоят 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.
Дар номинатсияи «Оши чойхонаи беҳтарин» бошад ошпаз аз ноҳияи Б.Ғафуров Зокир Файзиматов ғолибият ба даст овард. ӯ соҳиби 3000 сомонӣ гардид. Ошпази касбӣ аз ноҳияи Ғончӣ Аюб Бурҳонов бошад, ғолиби номинатсияи «Ошпази касбии беҳтарин» дониста шуд ва ӯ бо 300 сомонӣ сафароз гардонида шуд. Сокини шаҳри Истаравшан  Абдуқаҳҳор Маҳмудов ғолиби номинатсияи «Ошхӯри беҳтарин» дониста шуд. Палавхӯрии ӯ бо 2000 сомонӣ қадршиносӣ гардид. «Ошпази беҳтарин байни мӯйсафедон» Баҳодур Назиров аз шаҳри Исфара гардид, ӯ бо 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Рӯзи озмун занон низ фаъол буданд. Дар номинатсияи “Ошпази беҳтарин байни занҳои калонсол” Ширахон Бобоеваи айнигӣ ғолибият ба даст овард, ӯ низ бо 1000 сомонӣ шуд. Озмун маълум сохт, ки байни мардми Мастчоҳ низ таббохони ҳунарманд кам нестанд. Далели ин гуфтаҳо ғолибияти ошпази мастчоҳӣ Набихӯҷа Ёдгоров аст. Меҳнати онрӯзааш бо 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Ҳамин тариқ «Ошпази беҳтарин байни занон»  Дилрабо Раҳматова аз Истаравшан, «Ошпази беҳтарин байни домодҳо» Ҳусейнҷон Турсунов аз шаҳри Хуҷанд, «Ошпази беҳтарин байни арӯсон» Заррина Раҷабова аз ноҳияи Спитамен, «Ошпази беҳтарин байни ҷавонписарон» Баҳриддин Шодихӯҷаев аз Мактаби Президентии шаҳри Чкалов, «Ошпази беҳтарин байни ҷавондухтарон» Мафтуна Шарифова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дониста шуда ба онҳо 1000 сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд.
Дар як вакт барои иштироки фаъолонаашон дар Фестивали «Оши палав» Қаюм Исмонов аз шаҳри Конибодом, Абдусалом Тиллоев аз шаҳри Панҷакент, Маҳмуд Мирзоев аз шаҳри Истиқлол, Мадина Абдулфайзева аз шаҳри Қайроққум, Маҳмудҷон Назаров аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Неъмат Ҳотамов аз ноҳияи Шаҳристон, Тӯхтанисо Раҳматова аз шаҳри Чкалов ва Матлуба Ҷӯраева аз ноҳияи Зафаробод бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.